Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, «Исроил Катс» вазири ҷанги режими сионистӣ дар тозатарин изҳороти худ, бо пешниҳоди иддаоҳо дар бораи барномаи ҳастаӣ иддао кард, ки Исроил ва Амрико таҳаввулоти марбут ба Эронро бо дақиқат пайгирӣ мекунанд.
Катс дар бахше аз дурӯғҳои худ иддао кард, ки Эрон дар ҳоли тавсеаи силоҳҳои кимиёвӣ аст ва Тел-Авив ва Вошингтон аз ин мавзӯъ огоҳанд. Вай албатта ҳеҷ ҳуҷҷати мустақиле барои исботи ин иддао пешниҳод накард.
Вазири ҷанги режими сионистӣ ҳамчунин бо ишора ба сенарияи эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон гуфт, ки нерӯҳои исроилӣ ва амрикоӣ барои чунин эҳтимол дар ҳоли омодагӣ ҳастанд, аммо тасмими ниҳоӣ дар бораи вуруди Амрико ба ин рӯёрӯӣ бар уҳдаи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар хоҳад буд.
Your Comment